Хабарҳо

РАҲБАРИ ИДОРАИ ҶОСУСИИ АМРИКО: ПУТИН НА БЕМОР, БАЛКИ ХЕЛЕ СОЛИМ БА НАЗАР МЕРАСАД

РАҲБАРИ ИДОРАИ ҶОСУСИИ АМРИКО: ПУТИН НА БЕМОР, БАЛКИ ХЕЛЕ СОЛИМ БА НАЗАР МЕРАСАД

Уилям Бёрнс, мудири Идораи марказии ҷосусии Амрико (CIA, ЦРУ) дар анҷумани амниятии Аспен дар аёлати Колорадо гуфт, дар бораи бемор будани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ё бад будани вазъи саломатии ӯ ягон маълумоти ҷосусӣ дар даст надорад.

Дар матбуот вақтҳои охир ҳадсу гумонҳое нашр мешаванд, ки гӯё Путин, ки 7 октябри соли ҷорӣ ба синни 70 мерасад, аз бемориҳои ҷиддӣ, аз ҷумла аз саратон азият мекашад.

Вале Уилям Бёрнс ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки ин иддаоҳоро исбот кунад. Бёрнс ҳатто шӯхиомех гуфт, ки Путин “хеле солим” ба назар мерасад.

«Дар бораи саломатии президент Путин овозаҳои зиёде мечарханд, вале, то ҷое мо метавонем қазоват кунем, ӯ хеле солим ба назар мерасад «, — гуфт Бёрнс дар анҷумани Аспен. Вале ӯ таъкид кард, ки ин суханонаш хулосаи расмии идораҳои ҷосусӣ нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button