Хабарҳо

Ошкорсозии сарчашма-паҳнкунандаи силоҳи сард дар пойтахт

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои санҷишӣ дар доираи амалиёти шартии «Корд», аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як нафар сарчашма, яъне паҳнкунандаи предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян карда шуд.
  Зимни санҷиш дар бозори «Корвон» воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ошкор карда шуд, ки соҳибкори инфиродӣ Чилаев Зафар Пираҳмадович, соли таваллудаш 23. 07. 1978. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ ба фурӯши предметҳои халандаю бурранда машғул мебошад. Зимни азназаргузаронӣ аз фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди кордҳои гуногунтамға, ки ба сифати силоҳи сард истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд.


  Бо назардошти ҳалатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Чилаев Зафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бори дигар ба маълумоти кулли шаҳрвандон мерасонад, ки милитсияи пойтахт ҷиҳати мубориза бар зидди амалу кирдорҳои ҷиноятӣ, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мешаванд то пурра аз байн бардоштани ин омили номатлуб муборизаи беамон мебаранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button