Хабарҳо

ДАРГУЗАШТИ РАҲБАРИ СОБИҚИ ИДОРАИ ТВ ВА РАДИОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҲАМРО САЛИМОВ

ДАРГУЗАШТИ РАҲБАРИ СОБИҚИ ИДОРАИ ТВ ВА РАДИОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҲАМРО САЛИМОВ

Ҳамро Салимов, собиқ сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ва бародари муовини аввали раиси ин вилоят Амонулло Салимзода, рӯзи 18 июли соли 2022 дар синни 60 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги ӯ чизе гуфта нашудааст. Вале даҳҳо нафар бо шунидани хабари марги Ҳамро Салимов ба пайвандонаш изҳори андӯҳ ва ҳамдардӣ карда, аз ӯ ба унвони як марди ҳалиму хоксор ва меҳрубон ёд кардаанд.

Аз ҷумла аҳли эҷоди рӯзномаи вилоятии «Хатлон» бо изҳори андуҳ аз реҳлати нобаҳангоми ҳампешаи худ ва бо баёни ҳамдардӣ ба хешу ақрабои мардум навиштаанд: “Ҳамро Салимов, ки дар 60-умин баҳори умраш дори фониро падруд гуфт, то имрӯз дар мақомҳои муовини директори телевизионҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон» ва «Синамо» фаъолият карда, ҳамчун эҷодкори соҳибмактабу хушзавқ номдор шудааст”.

Aдолати Маҳмадалӣ низ навиштааст: “Яке инсонхои хоксор, роҳбари ҳалиму меҳрубон устоди азизи мо имрӯз дунёи фониро падруд гуфт. Руҳат шод манзили охиратат обод бошад!”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button