Хабарҳо

БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ҚОЧОҚИ 90 ҲАЗОР ДОЛЛАР АЗ ӮЗБЕКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН

Маркази матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон рӯзи 18 июли соли 2022 дар Телеграм-канали ин ниҳод хабар дод, ки кормандони амнияту боҷхона (гумрук) дар посгоҳи “Фарҳод” дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон сокини шаҳри Беководи вилояти Тошканд Ш.М., соли таваллудаш 1979-ро дастгир кардаанд.

Ҳангоми тафтишт маълум шудааст, ки ин зан 20 ҳазор доллари нақдро дар пойафзолаш пинҳон карда, мехост ба таври қочоқӣ, бидуни эъломияи гумрукӣ ин маблағи бузурги асъори амрикоиро ба Тоҷикистон гузаронад.

Дар ҷараёни тафтиши аввалия маълум шудааст, ки ин зан қаблан ҳам барои қочоқи ғайриқонунии асъори нақд ба Тоҷикистон дастгир шуда буд. Дафъаи қаблӣ ӯ дар даруни либоси танаш 70 ҳазор долларро пинҳон карда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button