Хабарҳо

ПАНҶУНИМ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ШАВҲАРИ ЗОЛИМ БАЪДИ ҚАСДИ ХУДКУШИИ НИГИНА

Додгоҳи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сокини деҳаи Сариосиёи ҷамоати Сарбанд Қаҳрамон Умаровро бар асоси қисми дуюми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар расондани ҳамсараш Нигина Усмонова то ба худкушӣ гунаҳкор шинохта, ба 5 солу 6 моҳи маҳбаси низомаш пурзӯр маҳкум кард. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда хабар дод, ки Умаров Қаҳрамон Туйчиевич бо Усмонова Нигина Ботиралиевна санаи 27 ноябри соли 2016 оила барпо намуда, дар давраи зиндагии якҷоя мунтазам нисбати ҳамсараш муомилаи бераҳмона карда, шаъну шарафашро паст мезадааст.

Аз ҷумла алакай санаи 20.12.2016, вақте ки Нигина ҳанӯз арӯси дар чилла буд, вай телефони шавҳарашро гирифта ба волидайнаш ҳамсуҳбат шудааст ва баъди анҷоми суҳбат телефонро ба шавҳараш надода, дар як тараф гузоштааст. Ин амали ӯ ба шавҳараш Умаров Қ. Т. писанд наомада, ӯро ба наздаш даъват карда, бо баҳонаи он, ки телефонро ба дасташ надодаас,т бо мушт чор маротиба ба сару рӯйи Усмонова Н.Б. задааст.

Қаҳрамон Умаров баъди аз Русия омаданаш ҳам мунтазам муносибатҳои бераҳмонаашро бо ҳамсараш идома додаааст. Оқибат санаи 20.03.2021, тахминан соати 13:00, Нигина Усмонова ба хонаи хобашон даромада, 25 дона кулчадоруҳои гуногунро истеъмол карда, боз қасди худкушӣ кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button