Хабарҳо

ТТТ: МАҲДӢ АРСАЛОН ТАҲРИКИ ТОЛИБОНИ ТОҶИКИСТОНРО ТАЪСИС ДОДААСТ 

Саҷҷоди Нуристонӣ (Sajjad Nuristani), рӯзноманигори мустақил ва собиқ корманди аршади раёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод, ки Муҳаммад Шарифов, маъруф ба Маҳдӣ Арсалон, як ҷангҷӯи тоҷик ва раҳбари созмони тундрави дар Тоҷикистон мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ҷунбиши наверо бо номи Таҳрики Толибони Тоҷикистон (ТТТ) таъсис додааст. Қаблан ҳам ҷангҷӯёни тоҷике, ки дар Афғонистон дар саффи ҷунбиши Толибони Афғонистон меҷангиданд, “Толибони тоҷик” ё “Толибони Тоҷикистон” ном бурда мешуданд.

Саҷҷоди Нуристонӣ дар Твиттер навиштааст: “Бо илҳом аз Толибони Афғонистон, Муҳаммад Шарифов, маъруф ба Маҳдӣ Арсалон, Таҳрики Толибони Тоҷикистон (ТТТ)-ро таъсис додааст. Арсалон шаҳрванди Тоҷикистон ва раҳбари “Ансоруллоҳ” аст. Ӯ феълан беш аз 250 ҷангҷӯ дар зери даст дорад. Ҳукумати Толибони Афғонистон ахиран ӯро масъули як посгоҳи амниятӣ дар наздикии марз бо Тоҷикистон таъйин кард”.

Саҷҷоди Нуристонӣ рӯзи 16 июли соли 2022 дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Маҳдӣ Арсалон таҳти ҳимояти раҳбари асосии Толибон дар Бадахшони Афғонистон Қорӣ Фасеҳиддин қарор дорад ва аз кумаку пуштибониҳое аз ҷониби ӯ ва соъири мақомоти режими кунунии Толибон бархӯрдор буду ҳаст. Албатта, Толибон дар баробари ҳампаймонҳояшон, ки дар канори онҳо ҷангиданд, аз ҷумла дар баробари “толибони тоҷик” ба раҳбарии Маҳдӣ Арсалон тааҳҳудоте ҳам доранд. Арсалон бештар бузургнамоӣ ваё ба истилоҳи дигар “фарбеҳсозӣ” карда мешавад ва дар асл нирӯи ҷангии Арсалон, албатта, чандон ҷиддиву бузург нест, ки вазъи амниятиро дар Тоҷикистон ба ҳам зада битавонад. Вале Арсалон метавонад дарди сарҳое дар марзи Тоҷикистон эҷод кунад ваё ҳамчун абзору васила барои пиёда кардани аҳдофи нирӯҳои манфиатдор истифода шавад”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button