Хабарҳо

Хадамоти гумрук манфиати баста будани марзи Тоҷикистону Қирғизистонро гуфт

Роҳбари Хадамоти гумрук гуфт, феълан панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бастааст, вале ба ҷумҳурӣ молу маҳсулот ҳамоно ворид мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз баста будани марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард. Хуршед Каримзода роҳбари ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ манфиати баста будани сарҳадро шарҳ дод.

Ба таъкиди ӯ маҳкам будани марз як сабукӣ буда, қочоқи молу маҳсулот байни Тоҷикистону Қирғизистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Каримзода гуфт, феълан панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста аст, вале тавассути кишвари сеюм молу маҳсулоти ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Ӯ афзуд, молу маҳсулоти ин кишвар тавассути Қазоқистону Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад ва дар шаш моҳи соли равон гардиши молӣ бо Қирғизистон ҳамагӣ 6,6 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 8 млн доллар кам мебошад.

Роҳбари Хадамоти гумрук афзуд, ки аз Қирғизистон асосан ангишт ворид мешавад.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button