Хабарҳо

Дастгир гардидани ҷавондухтари 18-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2022, тахминан соати 11:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоиро дузида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 18-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 244 қисми 3 банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button