Хабарҳо

Ҳалокати 14 нафар дар ҷои кор дар Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар корхонаю идораҳои Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон наздики 40 куштаю маҷруҳ бар ҷой гузоштааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот дар Тоҷикистон тайи шашмоҳаи аввали соли равон 14 куштаю 25 маҷруҳ барҷой гузоштаанд.

Дар ин бора Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар соли равон 17 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шуд, ки бархеяшон маргбор шудаанд.

Санъат Раҳим иттилоъ дод, ки дар маҷмуъ тайи нимсолаи аввали соли равон 161 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳо барои саҳлангорӣ муҷозот шудаанд.

Вай афзуд, дар фаъолияти масъулини муҷозотшуда нақзи талаботи қонунгузории амалкунанда дар бахши бехатарии корҳо ба қайд гирифта шудааст. Дастандаркорон ба маблағи беш аз 680 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима карда шудаанд.

Ба гуфтаи Санъат Раҳим, кормандони ниҳоди таҳти идорааш пайваста барои бартарафнамоӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои зериназоратӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактӣ доир карда мешаванд.

«Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхонаву ташкилотҳо нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, барои бартараф намудани қойдавайронкуниҳо муҳлати муайян дода шудааст», — афзуд ӯ.

Таъкид шудааст, ки ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо барои бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳои ҷойдошта 93 санад пешниҳод гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button