Як сокини Душанбе барои ёфтани ҷасади духтараш мадад хост

Як сокини Душанбе ду ҳафта боз ҷасади духтари 12-солаашро ҷустуҷӯ дорад.
Хуршед Ҳамроев аз ҳукумат хостааст, чанд соат оби обанбори канори Боғи Айниро хушк кунанд, то ёфтани ҷасади духтараш осон шавад.
Ду духтари хурдсоли ӯ дар обанбори канори Боғи Айнии пойтахт ғарқ шудаанд. Ҷасади якеро ёфтаанд, вале аз дувумӣ нишоне нест.
Мунаввараи 12 ва Марями 10-сола рӯзи 1-уми июл ғарқ шудаанд. Онҳо ба сабаби набудани панҷара ба канали обрез даромадаанд. Дар гузашта атрофи онро бо панҷара печонида буданд.
«Бо мадади маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади якеашро ёфтем. Мавҷи об тез аст, сард аст, ёфта наметавонанд. Ҳукумат обро хушк кунад, даромада кӯдакро гиранд,» – гуфт Хуршед Ҳамроев рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, дар ҷустуҷӯи ҷасад ба ин хонавода кумак мекунанд.
Ҳар сол дар кӯлу дарё ва обанборҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ шуда, ҷон медиҳанд.
Мақомот волидонро ба бепарвоӣ нисбати фарзандон ва сокинонро ба надонистани қоидаҳои шиноварӣ гунаҳкор мекунанд. Мардум мегӯянд, маҳалҳои хатарнок дар назди кӯлу дарёву обанборҳо нишонагузорӣ нашудааст.