Хабарҳо

ЯК ЗАН ДУ СОКИНИ ВАҲДАТРО БА МАБЛАҒИ 400 ҲАЗОР СОМОНӢ ФИРЕБ ДОДААСТ

ЯК ЗАН ДУ СОКИНИ ВАҲДАТРО БА МАБЛАҒИ 400 ҲАЗОР СОМОНӢ ФИРЕБ ДОДААСТ

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як зани 43-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ду сокини ин шаҳрро ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ фиреб додааст.

Аз ҷумла ба милитсияи шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 41-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2021 зани 43-солаи сокини шаҳри зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 310 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамин тариқ, номбурда соли 2021 аз марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур барои фурӯш 200 грамм ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ гирифта, онҳоро фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Зарари расонидашуда 90 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир ВКД тақрибан ҳар рӯз аз ошкор шудани як ё ду ҳодиса қаллобӣ хабар медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button