Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Украина қарори Путинро танқид кард ва ёрии бештар хост

Ҳукумати Украина қарори Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро танқид кард, ки иҷоза дод, украиниҳои тамоми қаламрави он кишвар шаҳрвандии Русияро осон ба даст биоранд.

Вазорати корҳои хориҷии Украина рӯзи 11-уми июл бо нашри баёния гуфт, ин қарор “як таҷовузи дигар ба истиқлолу тамомияти арзии Украина ва мухолиф ба тамоми меъёру усулҳои байнулмилалӣ аст.”

Дар баёния омадааст, ки додани тобеияти Русия ба шаҳрвандони Украина аз назари қонунӣ эътибор надорад.

Дмитро Кулеба, вазири умури хориҷии Украина, гуфт, қарор дар бораи шаҳрвандӣ як намунаи дигари “иштиҳои ғоратгарона”-и Путин аст ва аз шарикони кишвараш хост, ёриҳои низомиро ба Украина ва таҳримҳоро ба зидди Русия зиёдтар кунанд.

Бар асоси фармони Владимир Путин, тамоми шаҳрвандони Украина ҳақ доранд, аз ин баъд мисли сокинони вилоятҳои Донетск ва Луганск ба осонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст биёранд.

Чунин шароитро Русия соли 2019 барои сокинони ду вилояте фароҳам карда буд, ки аз соли 2014 таҳти назорати ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Русия аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button