Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Президенти Туркманистон якбора 26 вазирро барканор кард

Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар ҳукуматаш тағйироти кадрӣ анҷом дода, якбора 26 вазирро аз мақом барканор кардааст. Ин тағйирот рӯзи 8 июл сурат гирифтааст.

Ба ин тартиб, ноиб-сарвазир дар умури маориф, илм, тандурустӣ, варзиш, ҷавонон ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ноиби раиси девони вазирон дар умури иқтисодӣ, бонкӣ ва созмонҳои молии байналхалқи Туркманистон аз мақом барканор шудаанд.

26 вазири дигари ҳукумати Туркманистон аз мақомҳо барканор ва бархе ба мақомҳои дигар таъйин шудаанд. Ин бузургтарин тағйироти кадрӣ дар Туркманистон баъди сари қудрат омадани Сардор Бердимуҳаммадов аст. Бердимуҳаммадов моҳи марти соли ҷорӣ сари қудрат омад.

Туркманистон ҳамчунин сафиронашро дар Австрия, Ҷопон, Белгия, Фаронса, Туркия, Озарбойҷон, Украина ва Куриёи Ҷанубӣ иваз кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button