ИТТИҲОДИ АВРУПО МЕХОҲАД САРМОЯГУЗОРИ АСОСИИ СОХТМОНИ НИРӮГОҲИ РОҒУН ШАВАД

ИТТИҲОДИ АВРУПО МЕХОҲАД САРМОЯГУЗОРИ АСОСИИ СОХТМОНИ НИРӮГОҲИ РОҒУН ШАВАД
Иттиҳоди Аврупо мехоҳад сармоягузори асосии сохтмони бузургтарин сарбанд ва нирӯгоҳ дар Тоҷикистон шавад. Дар ин бора мақомҳои расмии Иттиҳоди Аврупо ба хабаргузории Reuters хабар дода, гуфтаанд, ҳадаф аз ин иқдом кумак ба Осиёи Марказӣ барои коҳиши вобастагиаш аз Русия ва ҳам посухи Аврупо ба тарҳи пуриддаои “Як камарбанд — як роҳ”-и Хитой дар ин қисмати паҳнои Шӯравии собиқ аст.
Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 ба сохтани нирӯгоҳи бузурги Роғун сар кард. Ин нирӯгоҳ метавонад истиқлолияти энергетикии ин кишвари Шӯравии собиқро таъмин кунад, Тоҷикистон ба баҳру уқёнус роҳи баромад надорад ва сокинону корхонаҳояш то ҳол ба камбуди ҷиддии нирӯи барқ рӯбарӯ мебошанд.
Бахши сармоягузории Иттиҳоди Аврупо Бонки сармоягузории Аврупост. Ин ниҳод то кунун ба сармогузории сохтмони нирӯгоҳи Роғун, ки тарҳашро ширкати итолиёвии Webuild (WBD.MI) кашидааст, сармоягузорӣ накардааст. Вале дар ҳафтаи ҷорӣ намояндаи ин бонк ба Ройтерс гуфтааст, ки Комиссияи Аврупо ба бонк муроҷиат кард, ки дар ин тарҳи энергетикии Тоҷикистон “сармоягузори бузургтарин” шавад.