Хабарҳо

ЯК ДУХТАРИ 18-СОЛА ДАР ГУЛДАРАИ ЁВОН ҒАРҚ ШУДААСТ

ЯК ДУХТАРИ 18-СОЛА ДАР ГУЛДАРАИ ЁВОН ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 3 июли соли 2022, баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯ, ҷасади як духтари 18-соларо, ки 27-уми июни соли ҷорӣ ғарқ шуда буд, дар қаламрави ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон пайдо кардаанд. Ҷасади ин духтарро сокинони маҳаллӣ дар ҳудуди деҳаи Кӯлободи ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова соати 10-и субҳ пайдо карданд. Ин духтари ҷавонмаргро тахминан дар масофаи як километр пойинтар аз маҳалли ғарқ шуданаш пайдо кардаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ин духтари ҷавон рӯзи 27-уми июни соли 2022 тахминан соатҳои 9:00 то 10:00 дар шохоби рости канали магистралӣ дар ҳудуди деҳаи Гулдара-1-и ҷамоати ба номи Гулсара Юсуповаи ноҳияи Ёвон ғарқ шуда буд.

Сабаби ин ҳодисаи нохуш дар хабар гуфта нашудааст.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли 2022 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай дастикам 70 нафар ғарқ шудаанд. Беш аз нисфи қурбониёнро ноболиғон ташкил медиҳанд. Соли 2021 дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button