Хабарҳо

Фоҷеа: Кӯдаки даҳсолаи тоҷик дар Ленинград ба ҳалокат расид

Дар рустои Озеркаи вилояти Ленинград як кӯдаки даҳсолаи тоҷик дар ҳавз ғарқ шуд,- хабар медиҳад “Невский News”.

Фоҷиа замоне рух додааст, ки духтар бо модар ва бародараш дар соҳили кӯли Суздал истироҳат мекардаанд. Ҳамин замон ӯ аз назар нопадид шуда, наздикон ба ҷустуҷӯяш шуруъ кардаанд. Маълум аст, ки духтар шино карда наметавонистааст.

Наҷотдиҳандагон ӯро ҳамагӣ 15-20 дақиқа пас аз занги телефонии наздиконаш ба даст овардаанд. Дар роҳ ба беморхона табибон кӯшиш кардаанд, ки духтарчаро наҷот диҳанд, аммо натиҷа надодааст. Ӯ дар ҳолати марги клиникӣ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор гирифтаву наҷоташ имкон надоштааст.

«Ҷисми кӯдак вокуниш нишон надод, зеро ӯ муддати тӯлонӣ дар об буд. Вақти зиёде аз даст рафт»,- шарҳ додаанд дар клиника.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button