Хабарҳо

Амалиёти “Корд”: Боздошти паҳнкунандагони силоҳи сард

Дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии “Корд” аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми 4-соли охир шумораи зиёди силоҳи сард, аз ҷумла кордҳои гуногунтамға, кастет, дубинка, электрашокер ва дигар намудҳои силоҳи сард мусодира ва нафарони паҳнкунандаву ноболиғону ҷавонони силоҳбадаст дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб гардидаанд, ки ба ин васила то андозае пеши роҳи содиршавии ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин бо истифода аз силоҳи сард гирифта шуд.

Дар натиҷаи баргузории амалиёти мазкур дар марҳилаи навбатӣ санаи 30-юмт июни соли 2022 аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ду нафар паҳнкунандагону фурӯшандагони силоҳи сард дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир ва аз онҳо шумораи зиёди кордҳои гуногунтамға ва электрашокеру дигар намуд силоҳҳои сард дарёфту мусодира карда шуданд.

Аз ҷумла, аз шаҳрванд Музаффаров Амир Муродович соли таваллудаш 18.05.1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Қулписта зимни азназаргузаронӣ аз дукони номбурда, воқеъ дар бозори “Варзоб” 16-адад кордҳои гуногунтамға ва як адад электрашокер дарёфту мусодира карда шуд.

Инчунин аз шаҳрванд Алимбоев Алишер Алиевич санаи таваллудаш 06.04.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Навбаҳор, соҳибкори бозори “Ганҷина” 3-адад электрашокер ва 7-адад кордҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуд.

Нисбати ин ду нафар фурӯшанда-паҳнкунандагони силоҳҳои сард маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба Суд ирсол гардид.

Дар ҷараёни амалиёти мазкур дар маҳаллаи Яккачинор шаҳрванд Қаюмов Неъмат Назруллоевич санаи таваллудаш 17.04.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Испечак-2, қаблан бо моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва бо корд мусаллаҳ ба кӯчагардӣ машғул буд, дастгир ва аз ӯ як адад корд ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд. Нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.

Қобили зикр аст, ки бо худ гардонидани корд аз ҷониби ноболиғон боиси ташвиш аст. Дар ҷараёни амалиёти шартии “Корд” ду нафар ноболиғон низ дастгир ва аз яке як адад электрашокер ва аз дигарӣ як адад корд ёфта гирифта шуд. Вобаста ба ин нисбати волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни як рӯзи баргузории амалиёти мазкур дар маҷмӯъ 24-адад кордҳои гуногунтамға, 4-адад электрашокер ва як адад кастет дарёфту мусодира карда шуданд.

Мақомоти милитсияи пойтахт минбаъд низ дар марҳилаҳои навбатӣ амалиёти мазкурро то пурра решакан намудани ин омили номатлуб идома медиҳад.

 Вобаста ба ин, аз кулли шаҳрвандон, махсусан сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе тақозо карда мешавад, ки нисбати таълиму тарбияи фарзандони худ бетафовут набошанд, ҳамзамон бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин бо истифода аз силоҳи сард ба мақомоти милитсия кӯмак намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button