ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Камбудиҳоро ислоҳ кунед: Супориши Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти Хатлон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат ба мақомоти вилояти Хатлон супориш дод, ки фаъолиятро дар таъмини рушди устувори иқтисодиёт пурзур намоянд

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар маҷлисе, ки ахиран баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба ҳисоботи Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аҳамияти ҷидди дод, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисыумщури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба мақомоти вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ супориш дод, ки камбудиҳоро ислоҳ кунанд ва фаъолиятро дар мавриди таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия пурзур намоянд.

Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон дастур дод, ки барои ислоҳи камбудиҳо, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ба ин восита таъсис додани ҷойҳои корӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button