ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Қурби рубл дар Русия боз боло рафт

Доллари амрикоӣ ва асъори аврупоӣ, ки Бонки марказии Русия барои рӯзи оянда муқаррар кард, дар бозори арзи ин кишвар майли поинравияшонро идома додаанд

ДУШАНБЕ, 28 июн —  Қурби расмии доллар, ки Бонки марказии Русия барои 29 ноябр муқаррар кард, аз ҳадди 53 рубл поин рафтаст.

Бар асоси додаҳои Бонки марказӣ, қурби доллари амрикоӣ ҳудуди 40 тин поин рафта, 52,96 рублро ташкил дод. Арзиши евро ҳудуди 16,5 тин поин рафта ба 55,8 рубл баробар шудаст.

Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евроро нисбат ба рубл дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозории Биржаи Маскав муайян мекунад.

Ин дар ҳолест, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button