Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Се тоҷикистонии бо дучарха ба сафари ҳаҷ рафта, ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд

Се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо дучарха барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карда буданд, иҷозаи идомаи сафар гирифта. Ду ҳафта боз онҳо дар Дубай интизори раводид ба Арабистони Саудӣ буданд.

Онҳо аз ноумедӣ барои баргаштан ба хона билетҳои ҳавопаймо ҳам харида будаанд.

“Ба хатсайри ҳавоии Дубай-Тошканд билет гирифта, барои ба хона рафтан омодагӣ мегирифтем. Лекин дӯсти маҳаллии мо бо номи Халифа Алӣ, ки дар хонааш иқомат доштем, хоҳиш намуд, ки билетҳоямонро супорида, боз каме дар ҳамин ҷо монем. Розӣ шудем, ҳарчанд барои барградонидани билетҳо 70 доллар ҷарима пардохт кардан лозим омад. Рӯзи дигар аз Арабистони Саудӣ ба мо занг зада, дархост намуданд, ки барои анҷоми расмиёти тайёр кардани раводид (виза) маълумотамонро пешниҳод намоем.Мо бовар надоштем”, – мегӯяд, яке аз зойирин Диловар Ғафуров.

Ба нақли ӯ, онҳоро огоҳ кардаанд, ки давоми роҳро бо мошин тай кардан лозим меояд, то ки аз оғози адои маросими ҳаҷ дер намонанд.

Диловар мегӯяд, дучархаҳоро ба мошин бор карда аз Абу-Даби ба роҳ мебароянд ва бо тай кардани 500 км ба сарҳади Арабистони Саудӣ мерасанд. Дар он ҷо ба мошини дигар нишаста, то Эр-Риёз ва сипас то шаҳри Эт-Таиф мерасанд. 100 км роҳи боқимондаро зойирин бо дучарха тай мекунанд.

Бояд гуфт, ки се ҷавони тоҷик Диловар Ғафуров, Саидалй Назаров ва Шокир Талабов моҳе пеш паз аз анҷоми Моҳи Рамазон бо дучарха барои зиёрати ҳаҷ ба роҳ баромаданд.

Онҳо барои ин сафар аз аввали моҳ омадагӣ гирифтанд ва роҳашонро аз Тошканд оғоз карда тавассути Боку ва Эрон то Дубай расиданд ва чанд рӯз аст, ки барои ба даст овардани раводид он ҷо қарор доранд, то роҳашонро идома диҳанд. Барои то Каъба расидан ин ҷавонон бояд боз 1890 км роҳро тай кунанд. Аммо ҳамааш аз гирифтан ё нагирифтани раводид вобастагӣ дорад.

Муфассалтар оиди сафари ин ҷавононро дар маводи дигари мо бихонед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button