Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Путин: Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар тамос аст

Раисҷумҳури Русия дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки кишвараш барои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон тамоми чораҳоро меандешад

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ба мавзуъ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.

Вай гуфт, Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсие, ки дар Афғонистон ҳастанд, тамос барқарор кардааст.

«Русия ҳамаи корро анҷом медиҳад, то вазъ дар Афғонистон ба эътидол биёяд ва ҳоло мо талош дорем, бо гурӯҳҳои сиёсие, ки вазъро дар Афғонистон контрол доранд, ҳамкорӣ намоем», — гуфт ӯ.

Раисҷумҳури Русия илова кард, ки дар ҳукумат ва мақомоти раҳбарии Афғонистон бояд тамоми ақвоми ин кишвар ҳузур дошта бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button