Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Путин аз саҳми арзандаи муҳоҷирони тоҷик дар иқтисоди Русия гуфт

Роҳбари Русия дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Русия кор мекунанд, дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузоранд

ДУШАНБЕ, 28 июн —  Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда доранд ва “пули дӯстӣ” миёни кишварҳо ҳастанд.

«Шумо медонед, мо шароити мусоидеро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, ҷорӣ кардаем ва Шумо ҳамеша дар вохӯриҳои шахсии мо ин масъаларо ба миён мегузоред. Имрӯз ман метавонам бигӯям, ки ин муҳоҷирон дар рушди иқтисод саҳми арзанда доранд ва онҳо мисли як пули инсонӣ, пули дӯстӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ҳастанд”, — гуфт Путин.

Ҳамзамон Владимир Путин гуфт, хушҳол аст, ки ба ин сарзамини дӯст ва шарики Русия омадааст.

Роҳбари Русия дар мулоқот бо кишвардори Тоҷикистон гуфт, вазъи пандемияи коронавирус дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст ва ӯ аз дидор ба сарзамини дӯст ва муттаҳиди Русия хушҳол мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button