Минтақа ва ҶаҳонСиёсатХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Bloomberg аз «дефолт» дар Русия хабар дод

Шаби 26 ба 27-уми июн Русия аз рӯи қарзи давлатӣ бо асъори хориҷӣ ба «дефолт» (варшикастагӣ) расид. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи хабаргузорӣ, ин ҳодиса аз соли 1918 ба ин тараф бори аввал аст, ки рух медиҳад. Маскав рух додани дефолтро рад мекунад.

26-уми июн марҳилаи пардохти наздик ба 100 миллион доллар арзиши коғазҳои қиматноки давлатӣ ба поён расид. «Ба поён расидани ин муҳлат дефолтро ба дунбол дорад,» — менависад хабаргузорӣ.

«Ин аломати талхи табдил шудани кишвар ба рондашудаи иқтисодӣ, молӣ ва сиёсӣ аст, зеро захираҳои пулии Бонки марказӣ ҳабс ва бонкҳои бузург аз низоми молии ҷаҳонӣ ихроҷ шудаанд,» — менависад Bloomberg. Аммо, ба иттилои хабаргузорӣ, дефолт ҳамоно хосияти рамзӣ дошта, барои шаҳрвандони қатории Русия таъсири эҳсосшавандае надорад.

Антон Силуанов, вазири молияи Русия, истифоди истилоҳи дефолтро дар ҳолати мазкур «масхара» номид.

Русия мегӯяд, барои пӯшонидани ҳамаи ҳисобҳо маблағи кофӣ дорад. Ҳафтаи гузашта Маскав хабар дод, ки қарзҳои хориҷиашро бо рубли русӣ пардохт мекунад, зеро вазъияти кунунии марбут ба асъори хориҷиро Ғарб ба таври сунъӣ ба бор овардааст.

Вазорати молияи Амрико баъди 25-уми майи имсол иҷозатномаеро тамдид накард, ки ба Русия имкон медод, қарзи давлатиашро бо асъори хориҷӣ пардохт кунад. Дар посух ба ин тасмими Амрико вазорати молияи Русия гуфт, қарзи хориҷиашро бо рубл пардохт мекунад.

Президенти Русия рӯзи 5-уми марти имсол фармони пардохти қарзи хориҷиро бо рубли русӣ имзо кард. Наздик ба 40 миллиард доллари қарзи хориҷии Русия бо асъори амрикоӣ ва аврупоӣ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button