ВарзишТОҶИКИСТОН

Бошгоҳи “Истиқлол” бе сармураббӣ монд! Левченко тарки даста намуд!

Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва мураббии соҳибном Виталий Левченко ҳамкории худро хотима бахшиданд.  Ба иттилои дафтари матбуотии дастаи шаҳри Душанбе, баъд аз анҷоми муҳлати шартнома ҷонибҳо бо розиги тарафайн онро тамдид накарданд ва дастпарвари футболи Тоҷикистон тарки «Истиқлол» намуд. Виталий Левченко шуруъ аз соли 2020 сармураббии «Истиқлол» буд ва таҳти роҳбарии ӯ даста чемпиони Тоҷикистон, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон гардидааст. Ҳамзамон мавсими гузашта «Истиқлол» бо Виталий Левченко дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи худ мақоми аввалро ишғол намуда, ба даври 1/8 ниҳоӣ баромада буд. Баъд аз рафтани Левченко дастаро иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев тамрин медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button