ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Боз як кишвари дигар омодаи хариди барқи НБО «Роғун» шуд

Ҷумҳурӣ ба даст овардани харидорони умедбахши нерӯи барқ ​​аз нерӯгоҳи барқи обии Роғунро идома медиҳад: кишвар бо давлати дигар шартнома мебандад

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тоҷикистон барои содироти нерӯи барқ ​​аз нерӯгоҳи «Роғун» ба Қазоқистон ба мувофиқа расидааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ зимни ҳамоиши байналмилалии энержӣ дар Тошканд изҳор дошт.

Қаблан Ӯзбекистон низ гуфта буд, омодааст ки захираҳои дар тобистон коркардкардаи неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро харидорӣ кунад.

Вазорати энергетикаи кишвари ҳамсоя таъкид кард, ки намояндагони давлатҳо аллакай санади дахлдорро имзо кардаанд.

Шартҳо, шеваҳои интиқоли нерӯи барқ, ҳаҷм ва тарифҳо тибқи созишномаи алоҳида баррасӣ мешаванд, ки қарор аст то охири соли ҷорӣ ба имзо расад.

«Мо дар бораи ҳамингуна ёддошт бо ҳамкасбон аз Қазоқистон ба мувофиқа расидем ва ният дорем, ки дар ояндаи наздик онро имзо кунем», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон қасд дорад аз ин нерӯгоҳ ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар як сол то 10 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ ​​содир кунад.

Раҳбари Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хотиррасон кард, ки дар аввал неругоҳи барқии обии «Норак» таъминкунандаи асосии неруи барқ дар Осиёи Миёна буд.

«Имрӯз «Роғун» низ ҳамчунин. Мо хеле хушнудем ва сипосгузорем, ки ҳамкасбони мо аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон аввалин шуда ба ин вокуниш нишон доданд», — хулоса кард Ҷумъа.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button