ВарзишТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Роҳандозии барномаи рушди ҷудо дар Тоҷикистон

Барои мураббиёни риштаи ҷудо дар саросари Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони сатҳи байналмилалӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Курсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати мураббиёну доварони ҷудо дар Тоҷикистон ба таври амалӣ сурат мегирад, хабар дод Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, ин тарҳ бо маблағгузории Ҳамбастагии олимпӣ ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Тоҷикистон давоми се моҳ, таҳти унвони «Рушди сохтори миллии варзиши ҷудо» амалӣ мегардад.

Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, татбиқи лоиҳа дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Аз ҷумла дар толори варзишии «Устопириён»-и шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳа барои мураббиён ва доварони ҷудои вилояти Суғд курсҳои омӯзишӣ доир гашт», — омадааст дар иттилоия.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button