ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

СИТОДИ БАЙНИИДОРАВӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили террористӣ дар қаламрави ВМКБ ба пуррагӣ қатъ карда шуд

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ расман эълон медорад, ки фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили террористӣ дар қаламрави вилоят ба пуррагӣ қатъ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Ситоди мазкур хабар доданд.

Дар хабари Ситод, аз ҷумла чунин омадааст:

«Вазъи тағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири хатарзои рақобати кишварҳои абарқудрат сабабгори сар задани бозиҳои геополитикӣ ва низоъҳои сиёсӣ дар рӯй замин гардидааст.

Ин рақобат ва даргириҳои шадид миллионҳо инсонро ба фақру қашшоқӣ ва бесарнавиштӣ гирифтор намуда, шаҳрҳои ободу пешрафта ва кишварҳои дар ҳоли рушдро ба мушкилоти ҷиддии иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ  намудаст.

Расидан ба қадри неъмати осоиштагӣ, суботи комили сиёсӣ  ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи кишвар қарзи имонию виҷдонӣ маҳсуб мегардад.

Ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, якпорчагии Ватани азизамон ҳадафи аслии тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button