ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Чаро марди 55-сола худро ба дарё партофт?

Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ВМКБ хабар медиҳад, ки санаи 12-уми юни соли равон як сокини 55- солаи деҳаи Мидинвиди ҷамоати деҳоти Барбози ноҳияи Роштқалъа даст ба худкушӣ задааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ин сокини Роштқалъа худро ба дарёи Шоҳдара партофтааст ва сокинони деҳа ба ҷустуҷӯ баромада, соати 15:50 ҷисми бе ҷони ин мардро пайдо карда, ба аҳли хонаводааш супоридаанд.

Сабаби даст ба худкушӣ задани марҳум то ҳол маълум нест, вале мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ аз зумраи сабабҳои асосии худкушӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамасола бо ҳамин иллатҳо ҳудуди 600нафар худкушӣ ё қасди худкушӣ мекунанд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button