Ҳалокати марзбони тоҷик зимни тирпарронӣ дар сарҳад бо Қирғизистон

Як сарбози тоҷик субҳи 14 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бар асари тирандозии навбатӣ ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар задухӯрди шадид миёни марзбонони тоҷику қирғиз дастикам як нафар кушта шудааст.
Як манбаи Sputnik Тоҷикистон хабари субҳи барвақт кушта шудани сарбози тоҷикро тасдиқ кард. Ҳоло шахсияти ӯ мушаххаст мешавад.
Тибқи иттилои пешакии ҷониби Қирғизистон, дар миёни марзбонони ин кишвар низ талафот дида мешавад.
Қобили зикр аст, ки субҳи 14-уми июн, тахминан соати 06:00 ба вақти Душанбе дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо истифода аз миномёт ва гранатомёт оташкушоӣ сар зад.
Як манбаъ дар ҷамоати Ворух тирпарронӣ дар посгоҳи «Кех»-и Тоҷикистонро тасдиқ кард.
«Сарҳадбонони қирғиз бидуни огоҳӣ оташ кушоданд. Субҳи барвақт онҳо ҳатто аз миномёт истифода карданд. Дар натиҷа марзбонони тоҷик низ оташи ҷавобӣ доданд», — афзуд манбаъ.