Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳалокати ду кас дар фурӯрезии боз як бинои дигар

Бар асари чаппа шудани як бинои сетабақаӣ дар Эрон дастикам ду кас ҷон бохта, чандин нафар захмӣ шудаанд. Дар ҳодисаи ба ин монанд дар ҳабдаҳ рӯзи пеш даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд.

Сухангӯйи Идораи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 9-уми июн ба хабаргузории ИЛНА гуфтааст, вазъи чаҳор захмӣ «бисёр вазнин» аст. Онҳоро аз зери вайронаҳо берун овардаанд. То ҳол сабаби садама маълум нест.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй дод, ки рӯзи 23-юми майи имсол як бинои даҳтабақаӣ дар шаҳри Ободони Эрон фурӯ рехт ва дастикам 43 касро кушт.

Эътирозгарон садамаро ҳосили саҳлангории ҳукумат ва фасоди густурда донистанд. Гуфта мешавад, то ин дам 13 нафар барои нақзи қонуни сохтмон дар Ободон дастгир шудаанд.

Солҳои охир дар Эрон чанд мавриди фурӯрезии биноҳо сабт шудааст. Коршиносон ҳодисаҳоро бештар ба риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ ва фасод дар идораҳои давлатӣ пайванд медиҳанд.

Соли 2017 дар натиҷаи сӯхтор ва фурӯ рехтани бинои «Пласко» дар Теҳрон 20 нафар, аз ҷумла 16 маъмури оташнишонӣ, ҷон бохтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button