Хабарҳо

МОШИНИ СИЁСАТМАДОРИ РУСИ ТОҶИКБАДБИН ДУЧОРИ САДАМА ШУД. СЕРГЕЙ МИРОНОВРО ДУОИ МУҲОҶИРОН ГИРИФТ? (ВИДЕО)

МОШИНИ СИЁСАТМАДОРИ РУСИ ТОҶИКБАДБИН ДУЧОРИ САДАМА ШУД. СЕРГЕЙ МИРОНОВРО ДУОИ МУҲОҶИРОН ГИРИФТ? (ВИДЕО)

Сергей Миронов, як сиёсатмадори популисти рус, ки бо шиорҳои зидди муҳоҷирон ном баровардааст, эътироф кард, ки рӯзи 8 июни соли 2022 дар маркази Маскав қосиди ғизорасони савори велосипедро мошини ӯ задааст. Ин эътироф баъд аз он садо дод, ки дар Интернет видеое нашр шуд, ки чӣ гуна баъди садама ронандаи Миронов аз мошин баромада ба ҷои кумак расондан ба қосиди ҷабрдида рақамҳои мошинашро бо шитоб кушода мегирад. Мошини тамғаи “Hyundai Genesis”, ки раҳбари фраксияи рӯ ба Кремли “Справедливая Россия – За правду” дар Думаи давлатӣ бо он ҳаракат мекард, ба маъмурияти президенти Русия, яъне ба гаражи Кремл тааллуқ дошта, бо ”мигалка” ва рақамҳои махсуси АМР ҳаракат мекард.

Сиёсатмадори мухолифи рус Иля Яшин дар Твиттер видеои чӣ гуна рақамҳои мошинашро бошитоб кушода гирифтани ронандаи Мироновро нашр карда, Мироновро “аҳмақу беақл” номид. “Ӯ ба чӣ умед баста буд, ки ба ронандааш амр дод, то ки баъди садама рақами мошинро кушода бигирад? Инҷо маркази Маскав аст: дар ҳар қадам камера, ҳар раҳгузар дар даст телефон дорад …», — навиштааст Яшин.

Бисёриҳо дар зери видеои садамаи мошини Миронов навиштаанд, ки ин сиёсатмадори муҳоҷирбадбин ва муқаллиди Жириновскийро дуои муҳоҷирон гирифт. Миронов ахиран талаб карда буд, ки додани шаҳрвандии Русияро ба зодагони Тоҷикистон то поёни соли 2023 манъ карда, онҳоеро, ки алакай шаҳрванди Русия шудаанд, аз нав тафтиш кунанд ва мансабдоронеро, ки ба ақидаи Миронов, ба тоҷикҳо ғайриқонунӣ шаҳрвандии Русия додаанд, ба зиндон андозанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button