Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Душанбе ва Бишкек барои ҳалли мушкилоти марзӣ омодаанд

Музокироти дуҷониба миёни намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он вазъи кунунии муносибатҳо баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Душанбе ва Бишкек хостори ҳалли созандаи мушкилоти марзӣ шуданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Муовинони вазирони хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Динара Кемелова аз омодагии худ барои ҳалли масоили марзӣ хабар доданд.

Коршинос гуфт, кӣ метавонад даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунад

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин дидор ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду кишвар дар бахшҳои мухталифро баррасӣ кардаанд.

«Муҳимияти дастгирӣ ва тавсеаи равобити Тоҷикистону Қирғизистон дар чорчӯби платформаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид гардид», — гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷӣ.

Муовинони вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин ба идомаи «муколамаи доимии созанда» ҳангоми ҳалли тамоми масоили мубрам таъкид карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button