Хабарҳо

АЗ 10 ТО 30 ИЮН МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ САБТИ ИЛОВАГИИ ДОВТАЛАБОНРО ДОИР МЕКУНАД

АЗ 10 ТО 30 ИЮН МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ САБТИ ИЛОВАГИИ ДОВТАЛАБОНРО ДОИР МЕКУНАД

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2022, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур аз 10-ум то 30 юми июн гузаронида мешавад.

Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2022, ки тибқи нақшаи қаблӣ танҳо дар шаҳри Душанбе бояд гузаронида мешуд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда низ ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ муроҷиат кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button