Хабарҳо

Гумонбари қатли кӯдаки 9-сола дар Бохтар: «барои 200 сомонӣ тасмашапаш кардам, ки мурд»

Гумонбари қатли кӯдаки 9-сола дар Бохтар: «барои 200 сомонӣ тасмашапаш кардам, ки мурд»

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояии Хатлон дар як гузориши видеоӣ куштори хонандаи синфи дуюми мактаби рақами 8 шаҳри Бохтарро шарҳ додааст.

Мадинаи Аҳмад, сокини 1995 27-солаи Кӯшониён, ки дар ин ҳодиса гумонбар дониста мешавад барои содир кардани ин ҷиноят боздошт шудааст ва анқл мекунад, ки барои чӣ ва ба кадом шева ноболиғро куштааст.

Ӯ дар ин гузориш мегӯяд, ки бо миёнбанди чармии мардона кӯдакро лату кӯб мекунад. Ба гуфти гумонбар, гӯё кӯдак 200 сомонияшро гирифта бошад.

«Баъди лату куб дасту рӯяшро шустам. Кӯдак шикоят кард, ки пойҳояш дард мекунад. Ёрии таъҷилиро даъват кардам, ки аллакай мурда буд»,- мегӯяд Мадинаи Аҳмад.

Алайҳи Мадинаи Аҳмад, корманди мактаби 8 шаҳри Бохтар бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.

https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=133966875910233&id=100078907629794&cft[0]=AZUsTqPs1wODyReUY5r_MSHIbnzmVjqB7VW4bOv1NVet9res8NOXDqJvCSK3I4NvGhIoXhx4CyH8cyiYsNnQ_Ce2PYOUqiyVlztCEoSsINfSgVSJPZHOqFfDa3hfFLCR09t1a0xBkpoU43mr161tY5rZZlxW24rPueH4OS475IznewuTPPt79L_EsXoOjqIj2Z97vTCDOyWkRC4S2Sfy_uaH&tn=%2CO%2CP-y-R

Ҳодисаи куштори кӯдак дар Бохтар, рӯзи 27-уми май рух дода буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button