БОЗДОШТИ 4 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНӢ ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ

Сомонаи маҳаллии 66.ru хабар дод, ки пулис дар пайи латтукӯби як сокини Екатеринбург дар маҳаллаи Химмаш 4 гумонбарро дастгир кардааст ва ҳоло ҷустҷӯи гумонбари панҷум идома дорад. Ин нашрия мегӯяд, сокини маҳаллиро зодагони Тоҷикистон латтукӯб кардаанд. Бино ба иттилои 66.RU, ҳодиса шоми 28 майи соли 2022 дар кӯчаи Грибоедов дар минтақаи Химмаши шаҳри Екатеринбург аз баҳси ибтидо лафзӣ байни гуруҳи зодагони Тоҷикистон ва як ҷавоне, ки бо дӯстдухтараш сайругашт дошт, оғоз ёфтааст. Ин баҳси онҳо баъдан ба занозанӣ печида, ҷавонони тоҷик он ҷавони маҳаллиро ба замин афтонда, зери борони мушту лагат гирифтаанд. Раҳгузарон дахолат карда, монеи идомаи латтукӯби он ҷавон шудаанд ва ҷавонони тоҷикро то чанд кӯчаи дигар ба истилоҳ сур кардаанд.
Сабаби муноқиша маълум нест, вале гуфта мешавад, ки ҷавони маҳаллиро дар ҳолати кома бистарӣ кардаанд ва ҳоло табибони бемористони шаҳрии №24 барои наҷоти ҷони ӯ аз чанголи марг мубориза мебаранд.