Хабарҳо

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ДАР РАҲМОНОБОД БА ШАРАФИ 112-СОЛАГИИ ПАДАРИ ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН ШАРИФОВ

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ДАР РАҲМОНОБОД БА ШАРАФИ 112-СОЛАГИИ ПАДАРИ ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН ШАРИФОВ

“Нигоҳи халқ”, нашрияи шуъбаи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 29 майи соли 2022 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки дар маҳаллаи Раҳмонободи деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори 112-солагии Раҳмон Шарифов, падари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Размон ва Рӯзи ҷавонон мусобиқаи футболи хурд доир шудааст. Нашрия падари президентро “собиқадори накӯноми меҳнат, падари арҷманди Пешвои муаззами миллат” ном мебарад, вале дар бораи ба футбол чӣ рабт доштани ӯ ва сабаби ба ёди Раҳмон Шарифов доир кардани мусобиқаи футбол маълумоте надодааст.

Вале тавре дар аксҳо дида мешавад, дар Ҷоми Раҳмон Шарифов — ҷоизаи асосии мусобиқаи футболи хурд дар Раҳмонобод – як аксари падари президентро часпонидаанд ва ҳайъати доварон ҳамчунин бо худ портретеро бардоштаанд, ки дар он аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, падараш Раҳмон Шарифов ва модараш Марямбӣ Шарифова инъикос ёфтаанд.

Бино ба иттилои “Нигоҳи халқ” ин мусобиқа, ки 3 рӯз идома дошт, бо ташаббуси масҷиди панҷвақтаи ба номи Ҳоҷӣ Мулло Баҳриддин (имомаш Ҳомид Расулов, маъруф бо тахаллуси Афғон) ва дастгириву сарпарастии фаъолони маҳалла, аз ҷумла хоҷагии деҳқонии «Шайхон» (раисаш Муродбек Ҳусейнов) доир шудааст.

Маҳаллаи навбунёди Раҳмонобод дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ қаблан Ферегат ном дошт ва соли 2019 бо дархости сокинон ба шарафи президент Эмомалӣ Раҳмон Раҳмонобод ном гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button