Хабарҳо

ҲУШДОР: 27 ВА 28 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН БОРОНИ СЕЛ ВА ЖОЛАИ САХТ МЕБОРАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 27 ва 28-уми майи соли 222 дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди селовар ва жола меборад.

Рӯзҳои 27-28 майи соли 2022 эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз тариқи қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор убур мекунанд ва дарёҳои Зарафшон, Вахш, Исфара, Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button