Хабарҳо

РАФЪИ ХАТАРИ ЧАППА ШУДАНИ ЯК ЧИНОРИ БУЗУРГ ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи 26- майи соли 2022, соати 09:25, мудири Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба навбатдори Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе хабар дод‚ ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,хиёбони Рўдакӣ, дар назди бинои №145 як дарахти чинор дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Баъди дарёфти хабар Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат соати 09:30 ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, баъди чоруним соати талошҳо, соати 15:08 ҳолати баамаломадаро бартараф кардаанд. Ҳодиса талафоти ҷониву хисорати дигар надошт. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button