Хабарҳо

МАХДУМИ ИСМОИЛРО ДАР ПАҲЛУИ МАЗОРИ ПАДАРАШ ДАР ОЛИМТОЙ БА ХОК СУПУРДАНД (4 АКС)

Махдуми Исмоил Пирмуҳаммадзода, воиз ва олими маъруфи дину адабиёти тоҷик, ки субҳи 18 майи соли 2022 дар остонаи 70-солагиаш аз олам чашм пӯшид, нимаи дуюми рӯзи чоршанбе дар минтақаи Олимтойи ноҳияи Фархор, дар паҳлуи мазори падари шуҳратёраш Махдуми Пирмуҳаммад, маъруф ба Махдуми Санги Кулӯла ба хок супурданд.Ба гуфтаи иштирокчиёни маросими дафни ин рӯҳонии шинохта, намози ҷанозаи Махдуми Исмоилро муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода имоматӣ кардааст.Дар аксҳои нахустине, ки аз маҳалли дафни Махдуми Исмоил ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристоданд, дида мешавад, ки мазори ӯву падараш паҳлу ба паҳлуянд.Дар мазори Махдуми Санги Кулӯла, ки соли 1968 аз олам рафта буд, чунин навишта шудааст:Аз гӯри ман ифтихори Аҳмад ояд,Аз сабзаи ӯ бӯи Муҳаммад ояд.Ин роиҳаи накӯи Ҷаннат ҳар дамАз хоки мазори Пирмуҳаммад ояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button