Хабарҳо

Путин вазъи минтақаро ҳассос ва назари Эмомалӣ Раҳмонро муҳим донист

Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи минтақаро ҳассос  арзёбӣ кардааст. Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар шаҳри Москва сурат гирифт.  

Ҳамчунин, Владимир Путин гуфтааст, ки назари Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи таҳкими амнияти минтақа барояш муҳим мебошад.

“Албатта, мо бо Шумо баназдикӣ дар суҳбати телефонӣ вазъи минтақаро баррасӣ карда будем. Вазъи минтақа мушкил боқӣ мемонад ва барои ман муҳим аст, назари шуморо дар ин бора шунавам, то амниятро дар ин самт дар ояндаи наздик боз ҳам таҳким бахшем”, — иброз доштааст Путин.

Ёдовар  мешавем, ки нишасти солгарди СААД дар шаҳри Москва 16 май доир  шуд. Мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин созмон ба 30-юмин солгарди имзои созишнома ва 20-умин солгарди таъсиси ин  созмон рост омадааст.

Дар ин нишаст  сарони давлатҳои  Русия Владимир Путин, дабири кулли СААД Станислав Зас, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президентҳои Беларус Александр Лукашенко, Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон,  Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Қирғизистон Содир Ҷабборов ширкат доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button