Хабарҳо

Шафоати 13-сола, ки гум шуда буд, ёфт шуд

Баъди гузашти муддате аз пахши иттилоъ оид ба гум шудани Шафоати 13-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хабар расид, ки ӯ ёфт шудааст.

Дар боби гум шудани Шафоат модараш хабар додаву аз шаҳрвандон хоҳиш карда буд, ки дар сурати вохӯрдан бо ӯ, тамос гирифтаву огоҳ намоянд.

Чанд лаҳза пеш корбарандаи “Фейсбук” Шералӣ Давлатов хушхабари ёфт шудани духтарчаро расонид.

— Ин субҳ хабар ёфтам, ки фарзанди Сарвиноз Сафарова гум шудааст ва хушбахтона, бо гузашти якчанд соат Шафоати 13-сола бо кумаки дӯстону наздикон пайдо шудааст. Рафиқон, аксари мову шумо медонем, ки апаи Сарвиноз барои табобати тамоми кӯдакони бемору камбизоати мардум кӯшиш мекунад ва ҳоло бошад, аз ҳамаи наздиконаш, ки то пайдо гардидани духтараш кумак расонида ва дар бараш буданд, хело миннатдор аст,- навишт ӯ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button