Хабарҳо

Таҳқиқи навор: ҷаримабандии ронандаи «Мерседес» барои пахш намудани саг

 Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати зеркунии саг аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», инъикос ёфта, ронандаи мазкур ҷонварро зер намуда, ҳамзамон бо суръати баланд ба идораи автомашинаи худ идома додааст.
  Ҳолати мазкур дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди вокуниши манфии шаҳрвандон қарор гирифта, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудаан, то нисбати роанандаи автомашинаи мазкур чораҳои таъсиррасонӣ қонунӣ андешида шавад.
  Санҷиши ҳодисаи мазкур зери назорати қатъии роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор гирифта, дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 1464ЕА01, шаҳрванд Набиев Туймурод Сайдалиевич, санаи таваллудаш 15.02.1985, сокини шаҳри Душанбе мебошад. Гарчанде номбурда сабаби ҳодисаи зеркунии сагро ба саросемагию надидани ҷонвар рабт диҳад ҳам, вале аз кирдори худ сидқан изҳори пушаймонӣ намуд.


  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Набиев Туймурод тибқи талаботи қисми якуми моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.
  Воқеан боиси нигаронист, ки баъзан нафарони алоҳида нисбати ҷонварон бераҳмӣ намуда, дар баъзе ҳолат онҳоро бо азобу шиканҷа ба ҳалокат расонида, ин амали ноҷавонмардонаи худро намоишкорона дар шабакаҳои интернетӣ паҳн месозанд. Вобаста ба ин мақомоти милитсия ба иттилои чунин афрод мерасонад, ки ҳуқуқу манфиатҳои ҷонварон низ дар доираи қонунгузории кишвар ҳифз гардида, он нафароне, ки ба чунин амали нангин даст мезананд дар доираи қонун ба ҷавобгарӣ ҷалб мегарданд.

https://www.facebook.com/ParvizTV/videos/1164558024084615

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button