Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон дар Алмато

Гуштигирони тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон ба хотираи Бакет Маҳмудовварзишгари маъруфи қазоқ, ки рӯзҳои 13-15 май дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, ду медал — як тилло ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Абубакр Шеров, гуштигири тоҷик, дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон медали тилло гирифт. Ӯ дар вазни то 66 кило бо шикаст додани ҳамаи рақибонаш ба финал роҳ ёфт. Паҳлавони ҷавон дар қувваозмоии ниҳоӣ Азизбек Ортиқови узбекистониро мағлуб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Гуштигири дигари тоҷик Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100 кило дар даври якум бар Динассил Таттимбеки қазоқ ғолиб омад, вале дар чорякфинал аз Муҳаммадқодир Мансуров аз Узбекистон шикаст хӯрд. Дар даври тассалобахш Темирлан Кайролдаи қазоқро мағлуб кард. Паҳлавони тоҷик барои нишони биринҷӣ бар Габдулманап Ерассил (Қазоқистон) ғолиб шуд.

Дар мусобиқа миёни ҷавонон Тоҷикистонро боз шаш нафар — Саидашраф Лоиқов, Абуҳанифа Қурбонбозор (ҳарду -66 кг), Ҳоҷибек Мухтодов (-73 кг), Суннатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов (ҳарду -8 1кг), Мӯҳсин Малаев (-90 кг) — намояндагӣ карда, бе медал монданд.

Тоҷикистонро миёни наврасон Фотимахон Гадоева (-52 кг), Ҷасур Лутфишоев (-55 кг), Худодод Шанбиев (-60 кг), Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев (ҳарду -66 кг) муаррифӣ карданд, вале онҳо натавонистанд медал бигиранд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа миёни наврасон ҳудуди 300 варзишгар ва байни ҷавонон беш аз 200 варзишгар аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, инчунин аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button