Хабарҳо

ТАРКИШИ БАЛОНИ ГАЗ БО МАВОДИ МУХАДДИР ДАР САМАРҚАНД, 2 ҚОЧОҚБАР АЗ ТОҶИКИСТОН ЗАХМӢ ШУД (2 АКС)

Хадамоти матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Самарқанди Ӯзбекистон рӯзи 12 майи соли 2022 хабар дод, ки дар ноҳияи Ургути ин вилоят ҳангоми аз даруни балони газ баровардани маводи мухаддир ин балон таркидааст ва дар натиҷа, ду қочоқбар ҷароҳат бардоштаанд.Бино ба ин гузориш, ду сокини шаҳрҳои Душанбе ва Бохтари Тоҷикистон, соли таваллудашон 1978, як миқдор афюнро дар дохили балони газ пинҳон карда, бо роҳи қочоқӣ аз Тоҷикистон ба ноҳияи Ургут овардаанд. Дар инҷо дар хонаи як сокини Ургут, соли таваллудаш 1979, онҳо кӯшиш кардаанд, ки маводи мухаддирро аз даруни балони газ бирен биоранд, вале дар вақти берун овардани афюн балон таркидааст ва дар натиҷа, ҳарду қочоқбари бахтбаргаштаро бо сару рӯю даст ва бадани сӯхта дар бемористони ноҳияи Ургут бистарӣ кардаанд.Ноҳияи Ургут бо шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз буда, дар ин қисмати марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон гузаргоҳи марзии Ҷартеппа – Саразм амал мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button