ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Боздошти зане, ки тоҷикдухтаронро барои танфурӯшӣ ба Туркия мефиристод

Се духтари тоҷик ба доми як ҷавондухтари дигар афтодаанд, ки нахуст онҳоро қарздор кардаву пасон барои танфурӯшӣ дар хориҷ маҷбӯр сохтааст

ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Як ҷавондухтарро бо иттиҳоми фурӯши духтарони тоҷик дар хориҷ аз кишвар кормандони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон боздошт кардаанд.

Дастгиршуда истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода буда, 28 сол доштааст.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда, бо мувофиқаи қаблӣ бо Юсуф ном шаҳрванди Туркия, мулаққаб ба “Ато” бо роҳи фиреб ба ҷавондухтарони тоҷик эътимод пайдо карда, ба онҳо ваъда додааст, ки дар Туркия кори фоидаовар ва маоши баланд пайдо мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button