ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Абдуллои 7-соларо то ҳол аз об наёфтаанд 

Ҷасади сокини 7-солаи шаҳри Ҳисорро, ки дар рӯзи Иди Фитр дар об ғарқ шуда буд, то ҳол наёфтаанд.

Ашӯралӣ Солиев, падари Абдулло ва сокини деҳаи Дучинораи шаҳри Ҳисор, рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷустуҷӯи онҳо то ин дам бенатиҷа буд.

Абдулло Солиеви 7-сола бо бародараш рӯзи Иди Рамазон ҳагоми гузаштан аз болои канали назди деҳаи Деҳқонобод ба об афтодаанд. Як сокини ин деҳа, ки шоҳиди ҳодиса шудааст, якеро наҷот дода, дувумиро натавонистааст дар об пайдо кунад.

Чанде пеш волидони ин наврас аз ҳукумати шаҳри Душанбе хоста буданд, барои ёфтани фарзандашон оби канали Ҳисорро барои як рӯз бибандад. Ба гуфтаи Ашӯралӣ Солиев, наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ихтиёриён бо сабаби баланд ва лойолуд будани об натавонистаанд, ҷасади фарзандашонро пайдо кунанд.

Волидони ин наврас аз мақомот хоҳиш доранд, ё оби канал барои муддате хушк карда шавад ё аз нерӯи ғаввосон истифода баранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки дар рӯзи ид ҳамчунин 3 кӯдак дар деҳаи Навободи шаҳри Леваканд ҳангоми убур аз канал сарозер ва ғарқ шудаанд.

Ашӯрмаҳмад Юсуфов, сокини ҳамин деҳа, тифлаконро наҷот додааст. Духтарон узви як оила буда, аз 3 то 7 сол доштанд. Вазъи саломатии духтарон хуб арзёбӣ мешавад.

Мақомот беназоратии волидонро сабаби ҳодисаҳои нохуш номидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button