Хабарҳо

ҚАДАМИ ҚУРБОНРО БО МОШИНИ “ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ” БАРОИ ТАБОБАТ АЗ ЧАГАМ БА ДУШАНБЕ ОВАРДААНД (ВИДЕО)

Роҳбарони вазорати тандурустии Тоҷикистон алакай як рӯз баъди нашри видео дар бораи бемории сахти Қадами Қурбон ин овозхон ва ширинкори шинохтаро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз зодгоҳаш, деҳаи Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин (собиқ Шӯрообод) ба Душанбе оварда, дар клиникаи машҳури ба номи Мансуров бистарӣ кардаанд.Дар ин бора худи Қадами Қурбон ба ширинкорони гуруҳи “Арабшо”, ки барои аёдати ӯ ин бор ба бемористон омада буданд, хабар дод. Ёдовар мешавем, ки хабари бемории Қадами Қурбонро маҳз бачаҳои гуруҳи “Арабшо” рӯзи 5 май дар Интернет гузоштанд ва видеои аёдати онҳо аз ин овозхон дар хонаи духтараш дар ноҳияи Восеъро дар як муддати кӯтоҳ танҳо дар канали Qurbon Negmatov дар Ютуб беш аз 800 ҳазор нафар, аз ҷумла (тавре аз вокунишашон бармеояд) масъулони вазорати тандурустӣ, тамошо кардаанд. Қадами Қурбон ба вазорати тандурустӣ изҳори сипос кард, ки “маро қадр карданд ва бароям то Чагам мошини “Ёрии таъҷилӣ” фиристода, барои табобат ба Душанбе оварданд”. Ӯ ҳамчунин аз ҳамаи ҳамватаноне, ки барои табобати ӯ кумаки худро дареғ надоштанд ва ҳамин тавр, ба ҳамаи онҳое, ки барои шифо ёфтанаш дуои хайр карданд, ташаккур баён кард.Вале Қадами Қурбон дар айни замон аз онҳое, ки дар рӯзҳои бемориаш овозаҳои бадеро дар борааш паҳн карданд, аз ҷумла ҳатто овоза карданд, ки гӯё ӯ мурда бошад, гила кард ва гуфт, “одами беморро баракс дилбардорӣ бояд кард, на инки бо ҳар сухани ноҷо дилашро бишканед”.Хабари бемории Қадами Қурбон он қадар сарусадо пайдо кард, ки ҳатто Шон МС, як хонандаи машҳури рэпи тоҷикӣ таронаи навашро “Қадами Қурбон” ном карда, пурра ба бемории ин овозхони халқӣ бахшидааст. Ин таронаро дар як рӯз беш аз 240 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button