Хабарҳо

ДАР ҲИСОР БА ҲАР ВЕТЕРАНИ ҶАНГ 15 ҲАЗОР СОМОНӢ ТУҲФА КАРДААНД

Дар арафаи иди Ғалаба дар шаҳри Ҳисор ба ҳар ветерани Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 аз номи президенти Тоҷикистон 15 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаи маводи хӯрока ва маблағҳои пулии бештар туҳфа кардааст.Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Ҳисор дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри 17 акс хабар дод, ки раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи президент Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода шахсан рӯзи 5 майи соли 2022, дар арафаи солгарди 77-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ ба ҷамоатҳои шаҳраки Шарора, деҳоти Ҳисор ва Алмосӣ ташриф оварда, се иштирокчии зиндамондаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҳисор: Сироҷиддин Ҷалоловро дар маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Раҷаб Исмоновро дар деҳаи Ҳаёти Нав ва Карим Рашидро дар деҳаи Шоҳамбарӣ аёдат намуданд.Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Ҳисор гуфт, аз Ҳисор дар Ҷанги бузурги ватанӣ беш аз 10 ҳазор нафар иштирок карда, беш аз 4 ҳазор нафари онҳо дар ин ҷанг ҷон бохтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button