Хабарҳо

ДАРГУЗАШТИ ЭМОМУДДИН АСЛЗОДА, БАРОДАРИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3 май бо нашри як барқияи таслият дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки Эмомуддин Аслзода, бародари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вафот кардааст.“Кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти Эмомуддин Аслзода, бародари Вазири корҳои хориҷӣ муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ ва таслияти амиқ изҳор мекунанд”, гуфта мешавад дар паёми сӯгвории вазорати хориҷа.Дар бораи иллати марги Эмомуддин Аслзода чизе гуфта нашудааст. Ӯ 61 сол дошт.Эмомуддин Муҳриддин Аслзода (Аслов) аз хонаводаи пурнуфузи Асловҳост. Ӯ соли 1961 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омада, соли 1985 Донишгоҳи политехникии шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистонро хатм кардааст. Аслзода илмҳои техникӣ буда, то соли 2019 раиси ноҳияи Темурмалик ва аз он қабл то соли 2016 дар мақоми муовини вазири энергетика буд. Ӯ аз он пеш ба ҳайси сардори раёсат дар ин вазорат ва ҳамчунин дар ниҳоди иҷроияи Бунёди наҷоти Арал кор кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button