Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Толибон Иди Фитрро як рӯз пеш ҷашн гирифтанд

Толибон як рӯз пеш аз аксар кишварҳои мусалмоннишин Иди Фитрро таҷлил карданд.

Имрӯз, 1-уми май бо қарори Шӯрои уламои Толибон сокинон Иди Фитрро таҷлил карданд. Маъмулан, дар Афғонистон Иди Фитрро баробар бо Арабистони Саудӣ таҷлил мекарданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, дар муқоиса бо гузашта дар шаҳрҳо шумораи камтари одамон дида мешуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар намози ид низ шумораи ками мардум ширкат доштанд.

Дар Арабистони Саудӣ ва бисёре аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ фардо Иди Фитр эълон шудааст.

Толибон бар кадом асос як рӯз пеш Ид эълон карданд, маълум нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button